Вакили тоҷик аз мардум хост, дороияшонро бо тило нигоҳ доранд, на доллару евро

Хариди тило дар қиёс бо нигоҳ доштани маблағҳо бо асъори доллару евро судовар мебошад, изҳори боварӣ намуд раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Хариди тило ба ҷои доллару еврои шубҳанок кафолати ҳифзи сармояи шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад буд.
Ин нуктаро Абдуҳалим Ғафорзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби сотсиалистии ҷумҳурӣ дар суҳбат бо "Ховар" баён доштаст.
Ба гуфтаи ӯ, на танҳо давлат, балки шаҳрвандон метавонанд дороияшонро ба тило нигоҳ доранд, чун доллару евро муътамад нестанд.
"Ҳамчун коршинос тавсия медиҳам, ки ба афроде, ки пасандоз доранд, ба воситаҳои алтернативии сармоягузорӣ, аз қабили тило, таваҷҷӯҳ кунанд. Ин усул аз беқурбшавӣ ҳимоят мекунад", - таъкид намудаст Ғафорзода.
Вакил гуфтаст, ин пешниҳод ба давлат низ дахл дорад, чун имкон медиҳад, ки қурби сомонӣ дар бозори нақд муътадил нигоҳ дошта шавад.
Пешниҳоди вакил дар ҳолест, ки қаблан бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои фурӯши тило ба шаҳрвандон сабика ё хиштчаҳои нисбатан хурд рехта шуданд.
Коҳиши сатҳи камбизоати дар Тоҷикстон тайи 20 соли ахир: шарҳи вазорат
Бонки миллӣ аз соли 2017 барои фурӯш ба шаҳрвандон сабикаҳои вазнашон аз 5 то 100 граммро барои шаҳрвандон пешниҳод намуда буд. Дар зимн раёсати вақти ин ниҳод таъкид карда буд, ки маҳдудияти фурӯши тило дар як сол як кило ба як нафар мебошад.
Тоҷикистон солҳои охир бо ҷалби корхонаҳои бузурги дохилу хориҷ ва ҳамчунин равнақи заршӯӣ аз ҷониби худи шаҳрвандон тавлиди тилоро бештар кардааст. Маҳз металҳои қиматбаҳо аз бахшҳои асосии содироти ҷумҳурӣ арзёбӣ мешаванд.