ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар соли нав размоиши "Бародарии абадӣ - 2023"-и нерӯҳои кишварҳои узви СААД гузаронда хоҳад шуд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия
Ба иттилои манбаъ, макони тамриноти нерӯҳои посдори сулҳи СААД, “Бародарии абадӣ-2023” Арманистон интихоб гардидааст.
Ин тамриноти густурда аз соли 2012 ҳамасола дар қаламрави яке аз кишварҳои узви ин созмон доир мешавад. Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии абадӣ - 2022" аз 10 то 14 октябри соли 2022 дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба таъхир андохта шуд.
Дабири кулли пешини СААД, Станислав Зас дар ҷамъбасти сол изҳор дошт, ки чорабинии мазкур бо дархости Қирғизистон ба таъхир андохта шуд ва он дар оянда баргузор мегардад.
Дар шарҳи далели таъхир дабири кулли СААД гуфт, дар пайи ҳодисаҳои маълум дар Қирғизистон шароити мусоид барои баргузории ин чорабинӣ фароҳам нашуда буд.
Зас афзуд, ки самти афзалиятноки фаъолияти созмон дар оянда ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ миёни кишварҳои узв мебошад.
Қаблан муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов, аз ҷумла сабаби лағви размоишҳои СААД аз ҷониби Бишкекро даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ кард.
"Аммо, албатта, дар партави рӯйдодҳои ахир, ки хун ҳанӯз сард нашудааст, афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин машқҳо истиқбол намекунад", - гуфта буд ӯ.
Ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфт, намешуд намояндагони Тоҷикистонро гӯянд, набиёеду дигарон биёянд. Вай таъкид намуд, ки дар тамоми пойтахтҳои кишварҳои узви СААД ин иқдомро дарк кардаанд.