Ҳукумат ба "Тоҷиктелеком" сабукӣ ва 1 сол муҳлат дод

Ҳукумати Тоҷикистон дар пардохти даҳҳо миллион сомонӣ қарзу фоизҳо аз андоз ба ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" муҳлати бештар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв – Sputnik. Пардохти қарзи ҶСК "Тоҷиктелеком" аз андоз ва фоизҳои он ба маблағи беш аз 67 млн сомонӣ ба муҳлати як сол ба таъхир андохта шуд.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон роҳбари ҳукумат мебошад, охири соли 2022 имзо намуд.
Таъкид шудааст, ки ба ҳолати 1 ноябр қарзи "Тоҷиктелеком" аз андоз ва фоизҳои он аз 67 млн сомонӣ бештар шудааст, ки аз ин, наздики 24,5 млн сомонӣ фоизи қарзҳо аз андоз аст.
Дар баробари ин пардохти қарзи як корхонаи давлатии дигар низ ба таъхир андохта шудааст, ки корхонаи воҳиди давлатии "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг" мебошад.
Президент оқибати бади суръати пасту нархи баланди интернет дар Тоҷикистонро гуфт
Ҳаҷми қарзи ин КВД аз андоз ва фоизҳо ба ҳолати ноябри соли 2022 наздики 33 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла фоизҳо аз рӯи қарзҳои андоз беш аз 14 млн сомонӣ мебошанд.
Дар зимн ҳукумат таъкид намудааст, ки ҳамаи андозҳои ҷориро корхонаҳои мазкур саривақт пардохт намоянд ва Кумитаи андози ҷумҳуриро барои назорати он муваззаф намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати "Тоҷиктелеком" дар бозори мухобиротии Тоҷикистон фаъолият дошта, қаблан низ аз бархе гузаштҳо дар иҷрои уҳдадориҳояш дар назди буҷет бархӯрдор шуда буд.
Кумитаи андози Тоҷикистон қаблан ширкати мазкурро дар баробари қарздорҳои бузурги дигари андоз ном бурда буд, ки аз ҳама зиёд пули буҷаро пардохт накардаанд.