Тоҷикистониён Соли нави милодиро бидуни барф пешвоз мегиранд

Имсол шаби Соли навро сокинони Тоҷикистон бе барф пешвоз мегиранд. 31 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои тайғирёбанда шуда, борон меборад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон сокинон шаби Соли навро дар Тоҷикистон бе барф таҷлил хоҳанд кард.
Дар Тоҷикистон тибқи пешгӯии обуҳавошиносони кишвар, рӯзи охири соли 2022 ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дар шаҳри Душанбе аз 29 то 31 декабр ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорати ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои охири соли 2022 дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо аз 4 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дуои сулҳ дар соли нав: мулоқоти сокинони ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Дар вилояти Бадахшон дар ин рӯзҳо ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона то 22 ва рӯзона то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон дар ин рӯзҳо ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва шабона барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо аз 5 то 11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо аз 4 то 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд31 декабр ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 9 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад.