Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавиаш ба тоҷикистониён бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу кард.
“Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад”,- гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.
Вай дар паёмаш гуфт, дар соли нави 2023 ба ҳар яки тоҷикистониён тандурустиву хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.