ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Бо қарори Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, Ашраф Шарифов, минҳайси директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ” таъйин шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Матстчоҳ иттилоъ доданд.
“Дар ин мақоми вазифавӣ Шарифов ҷойи Орзугул Шариповаро иваз намуданд” - гуфт, манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Шарипова ҳудуди даҳ моҳи пеш ба ин мақом таъйин шуда буд ва зимнан сабаби барканориаш маълум нест.
Шарифов Ашраф Шарифович 26 феврали соли 1976 дар деҳаи Арнохуни ҷамоати деҳоти Оббурдон таваллуд шуда, хатмкардаи МТМУ № 11 мебошад.
Пас аз хатми мактаби мазкур соли 1993 ба Омӯзишгоҳи касбии техникии № 35-и ноҳия дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳосиб ба поён расонидааст. Ҳамчунин ӯ соли 2012 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакентро бо ихтисоси менеҷмент -туризм хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1994 ба сифати муҳосиб дар корхонаи МИР-31 оғоз намудааст. Солҳои 1998 – 2022 ҳамчун сармуҳосиб дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва Идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ кор кардааст.
Шарифов аз 31 марти соли 2022 то таъйин шудан ба вазифаи директории Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳия, вазифаи мудирии бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳро бар зима дошт.
Ба мақоми нави вазифавӣ гузаштани ӯ, аз таъйиноти кадрӣ дар остонаи Cоли навb милодӣ дар ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб мешавад.