Дуои сулҳ дар соли нав: мулоқоти сокинони ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳарчи зудтар кушода шудани роҳҳо ва афзоиши рафтуомади сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз хостаҳои сокинони наздисарҳадӣ будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Дар остонаи соли нави мелодӣ сокинони маҳаллӣ ва раисони ҷамоатҳои наздимарзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон вохурӣ баргузор кардаанд.
Дар ин бор котиби матбуотии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ӯғулой Қосидзода, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар вохурӣ раисони ҷамоатҳои наздимарзии Хистеварз ва Жани – Жер, Матлуба Ҷурабоева ва Қубатбек Мусаев ва инчунин раисони ҷамоатҳои Овчи – Қалъача ва Қулунди Абдуҳамид Одинавев ва Ускунбай Ташбалтаев ширкат намудаанд.
"Зимни дидор ҷонибҳо дар бораи таҳкими дӯстиву рафоқат, эҳтирому оини ҳамсоядорӣ, ҳифзи амнияти минтақавӣ ва пойдории сулҳу субот дар кишварҳои ҳамҷавор таъкид намуданд", – гуфт котиби матбуот.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокирот ва имзои санади навбатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз
Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин вохурӣ, инчунин пирони рӯзгордида ва ҷавонон иштирок намуда ҷонибҳо бо мақсади тинҷиву амонӣ, оромиву осоиштагӣ, хушбахтии мардумони ҳарду кишвар дуо кардаанд.
Ҳарчи зудтар кушода шудани роҳҳо ва афзоиши рафтуомади сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон аз хостаҳои дигари сокинони наздисарҳадӣ мебошанд, ки дар мулоқот садо додаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи роҳбарони вилоятҳо ва фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ҷонибҳо баргузор гардид, ки барои идомаи комиссияи муштарак дар соли 2023 ва ҷилавгирии ташаннуҷи вазъ дар марз мувофиқа кардаанд.