Оғози мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон

Вакилони парлумони Тоҷикистон давоми даҳ рӯз ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабр то 8 январи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо интихобкунандагон худ дидор мекунанд, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Ба иттилои вай мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабр вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз гардид.
Пас аз занги президент: дар Хатлон вакилон барои фаҳмондадиҳӣ хона ба хона мегарданд
“Тайи 10 рӯз, яъне аз 30 декабр то 8 январи соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд”, - қайд кард Муҳаммадато Султонов.
Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон илова кард, ки вакилон ба интихобкунандагон роҷеъ ба Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, инчунин самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар маълумоти мукаммал хоҳанд дод.