ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз кишварҳои қудратманди ҷаҳон буд, ки барои таҳкими сулҳу осоиштаи ҷаҳони арабу мусулмон кори зиёде анҷом додааст, бинобар ин шумо бояд аз таърихи кишвари худ фахр кунед, гуфт ба РИА “Новости” раиси Маркази ҳамоҳангсозии мусалмонони Қафқози Шимолӣ Исмоил Бердиев.
“Онҳое, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ таваллуд ва ба воя расиданд, бояд аз таърихи кишвари худ фахр кунанд, Шӯравӣ ба кишварҳои Африқо баъд аз поён ёфтани даври колониализми ғарбиҳот, ёрӣ расонд ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Ҷануби Шарқ, Осиё, Амрикои Лотинӣ аз ҷихати сиёсӣ ва иктисодӣ кумак расонд. Ҳузури Иттиҳоди Шӯрави ин зарурати геополитикӣ дар тамоми ҷаҳон аст”, - гуфт Бердиев.
Ба гуфти ӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ чизи хуб назар ба бадӣ бештар буд.
“Дар замони шӯравӣ одамон аз лиҳози иҷтимоӣ ҳимоя шуда буданд ва ба ояндаи худ боварии комил доштанд. Ҷомеа ба дорову камбағал тақсим нашуда буд”, - илова кард оқои Бердиев.
Вай афзуд, ки бинобар ин, имрӯз мо бояд аз таърихи худамон инсон буданро омӯзем, беҳтаринҳоро гирем, масалан: намунаҳои ваҳдату бародарӣ, на ин ки аз рӯи миллату мазҳабу дин ҷудо кунем ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кишвари худ (Иттиҳоди Шӯравӣ)-ро танқид кунем. Ин ба баробар ба ҳақорат кардани худ аст.