ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Покистон аз тамоми давлатҳо ва ҷомеаҳои байналмилалӣ барои кумак башардӯстона ба ин кишвар, дар рӯзҳои сахти изҳори сипос кардааст.
Дар ин бора Мумтоз Заҳро Балуҷ, сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон дар як нишасти матбуотӣ изҳор доштааст.
"Мо аз ҳама кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалие, ки кумакҳои башардӯстона расонидаанд, аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Бонки Осиёии Рушд, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва дигар давлату созмонҳо миннатдорем", - гуфт ӯ.
Дар соли 2022 ба сабаби обхезӣ, ки пас аз боронҳои тӯлонии сар зад, харобиовартарин дар таърихи Покистон ба ҳисоб меравад.
Бар асари офати табиӣ аз 160 минтақа дар беш аз 90 минтақаи ин ҷумҳурӣ беш аз 33 миллион нафар (14 дарсади ҷамъияти кишвар) осеб диданд.
Теъдоди кушташудагон аз 1,7 ҳазор нафар гузашт, зарари иқтисодӣ тақрибан 30 миллиард долларро ташкил дод.
Дар авоили моҳи август ҳукумати Покистон барои дархости кумаки фаврии башардӯстона ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карда буд.