ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Нахустин форуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи феврали соли 2023 дар шаҳри Туркистони Қазоқистон баргузор мешавад.
Дар ин бора Маулен Ашимбоев, раиси Сенати (палатаи болоии) порлумони ин кишвар хабар дод.
"Дар нимаи аввали моҳи феврали соли 2023 дар шаҳри Туркистон баргузории нахустин форуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст", - гуфт ӯ дар ҷаласаи палата.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, ин нишаст ба таҳкими равобити порлумонии кишварҳои минтақа ва ба даст овардани такони нав аз кори муштарак равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар Остона чанд нишаст, аз ҷумла нахустин мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуда буд.
Ҳамчунин мулоқоти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва VI нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор шуд.
Раҳбарони Русия, Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Туркия ва Ӯзбекистон таҳти раёсати раиси ҷумҳури Қазоқистон мулоқот карданд.
Ҳамчунин дар кишвар Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ доир гардид, ки руҳониёни саршиносро гирд овард.