ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон нақшаи буҷаи соли 2023-ро баррасӣ ва рӯйдодҳои асосии соли ояндаро мушаххас кард.
Дар ҷаласаи навбатии КМО таҳти раёсати муовини раиси ин кумита Абдулло Раҳмонзода нақшаи чорабиниҳои варзишӣ барои тасдиқ пешниҳод гардид.
Аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли оянда Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин, ки аз 23 сентябр то 8 октябр дар назар аст, номбар мешаванд.
Баъдан Бозиҳои 6-уми осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ меояд. Он рӯзҳои 16-17 ноябр дар Таиланд баргузор мешаванд.
Ҳамчунин омодагӣ ба Бозиҳои II зимистонаи байналмилалии варзишии "Бачагони Осиё" дар Кузбасс, ки аз 23 феврал то 5-марти соли оянд оғоз мешавад, дар назар аст.
Дар ҳамаи ин чорабиниҳои варзишӣ мунтахаби ҷумҳурӣ иштирок мекунад.
Илова бар ин, таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар кишвар, баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ дар остонаи Бозиҳои осиёӣ дар Душанбе, ҳамкориҳо ва татбиқи барномаҳои КМО Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё дар назар аст.