Аз Дамирбек то Зувайдзода: Бузургони рафта дар соли 2022

Соли 2022 барои аҳли зиё, фарҳанг, маориф, низомӣ, варзиш ва дигар қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон талафоти бузург овард, бузургони зиёд имсол моро тарк карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тоҷикистон соли 2022 чеҳраҳои саршиносро аз даст дод, ки талафоти онҳо барои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷуброннопазир буд. Вале, дар муқоиса ба як соли пеш маргумир миёни аҳли фарҳангу зиёи тоҷик камтар сурат гирифт.
Агар соли гузашта маризии коронавирс омили асосии афзоиши фавт миёни одамони машҳури ҷумҳурӣ гардида буд, имсол садама ва дигар бемориҳо, аз қабили саратону қалб беҳтаринҳоро гулчин кард.

Садамаву маризӣ: бузургоне, ки рафтанд

Аз ҷумла, даргузашти нобаҳангоми Дамирбек Олимов, яке аз сарояндаҳои маҳбуби тоҷик бисёр такондиҳанда буд. Зеро, Олимов ҳамагӣ 33 сол дошт, вале дар зиндагии кутоҳи худ ва фаъолияти начандон тӯлонӣ дар саҳна, тавонист дар эстрадаи тоҷик мақоми махсус пайдо кунад.
Ӯ шаби 4 ба 5 феврал дар роҳи Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дучори садама шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Тибқи маълумоти расмӣ, Олимов худ сари идораи мошин қарор дошт ва нақлиётро бо суръати 100 км/соат ҳай мекард. ВКД он замон хабар дод, ки овозхон сархуш набуд ва садама ба таври тасодуф рух дод.
Ҳоло дар зодгоҳи Олимов мехоҳанд яке аз макотибро ба номи ӯ номгузорӣ кунанд.
Марги Аловуддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори маъруф, коргардони театр ва синамо низ Тоҷикистонро такон дод. Ӯ субҳи 17 феврал дар синни 56-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин таслим кард. Иллати марги ӯро бемории қалб гуфтанд.
Даргузашти ҳунарманди шинохта Аловуддин Абдуллоев
Абдуллоев аз моҳи январи соли 2019 то дами марг сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд. Қабл аз ин ӯ солҳои зиёд раҳбарии театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтарро бар уҳда дошт.
Ӯро ҳамчун коргардони филмҳои мустанад ва ҳунарпеша мешиносанд, аммо ба шарофати ҳаҷвҳояш дар байни мардум шуҳрати зиёд пайдо кард.
Чанде пеш дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳангро ба номи Абдуллоев номгузорӣ карданд.
Ҳунарманди дигаре, ки бо лаҳну садои ҷаззобаш миёни мардум ва ҳаводорони театр машҳур буд, ин Раҷаб Ҳусейнов мебошад. Риштаи умри ин ҳунарманди маҳбуб низ соли ҷорӣ канда шуд. Ӯ 80 сол умр дошт ва ба изҳори пайвандонаш бар асари беморӣ даргузашт.
Ҳусейнов дар баробари нақшофарӣ дар театр ҳамзамон дар филмҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ низ нақш бозида буд.
Марҳум қариб дар шаст намоишнома нақшаҳои хотирмон иҷро кард. Илова бар ин саҳми ӯ дар дубляжи филмҳо бо забони тоҷикӣ низ бузург арзёбӣ мешавад.

Мотам паси дари олимону профессорон

Зимнан, марг на танҳо дари овозхону ҳунармандонро куфт, балки олимону профессоронро низ аз миёни мо абадан бурд. Фозил Тоҳиров, ҳуқуқшиноси маъруф ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки моҳи августи соли равон даргузашт.
Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи улуми Тоҷикистон дар робита ба марги профессор гуфт, ки Фозилов пас аз ба сактаи майнаи сар дучор шудан, солҳои ахир аз он ранҷ мебурд. Марҳум 83 сол умр дошт ва дар даврони вазнини ҷанги дохилӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Тоҳиров унвони Арбоби илму техника ва аз соли 2008 узви пайвастаи Академияи илмҳо буда, ҳамчунин унвони профессор ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дошта бо қалами ӯ ҳудуди 150 мақолаву асарҳои илмӣ навишта шудаанд.
Ҳомид Маҷидов, профессор, забоншиноси барҷаста ва донишманд тоҷик низ моҳи июни соли ҷорӣ даргузашт.
Марҳум солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва ададбиёти рус оид ба таълим буд. Пасон аз соли 2002 то 2005 мудири кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи милли Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Профессор Маҷидов - забоншиноси маъруфи тоҷик даргузашт
Маҷидов дорандаи медали “Собиқадори меҳнат” ва нишони “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” буд. Ҳамчунин соли 1997 ба ӯ унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шуд.
Зимнан, Меҳмон Бахтӣ шоир ва нависандаи халқии Тоҷикистон низ имсол даргузашт. Иллати марги ӯ расман ифшо нашуд. Марҳум барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, ҳамчунин замоне раисии Иттифоқи нависандагонро бар дӯш дошт.
Дар робита ба даргузашти нависандаи номӣ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ изҳори тасалият кард.

“Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд”, - омада буд дар номаи ҳамдардии роҳбари давлат.

Меҳмон Бахтӣ солҳои 1995-2000 вакили парлумон ва солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

Аз генерали мустаъфӣ то мақомдори ҳукуматӣ

Генерал-майори мустаъфии Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, Сабза Саркоров низ имсол реҳлат кард ва сабаби маргаш расман гуфта нашуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ марги генералро бемории дил гуфтанд.
Ӯ моҳи марти соли 1999 ба намояндагӣ аз “Лаъли Бадахшон” бар асоси саҳмияи сифоизае, ки тибқи Созишномаи сулҳ ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дода шуд, ибтидо муовини раиси Агентии амволи махсус ва сипас муовини фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ таъйин шуда, то дами ба нафақа рафтанаш дар фармондеҳии нерӯҳои сарҳадӣ хидмат кард.
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик низ моҳи майи соли равон дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт. Марҳум чанд муддат бемор буда, асосан аз дарди қалб ранҷ мекашидаст.
Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад (с) ва ҳамзамон узви Шӯрои уламои кишвар буд. Ӯ аз табори рӯҳониёни шинохта буда, падараш домулло Пирмуҳаммад, маъруф ба Махдуми Санги Кулӯла ва пири тариқати Нақшбандия буд.
Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик
Зимнан, марг ба думболи варзишгарон низ рафта, беҳтаринҳоро гулчин кард. Яке аз чунин шахсиятҳо, Анвар Қосимов, раиси Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон мебошад, ки дар синни 63-солагӣ ҷон бохт. Вай ҳудуди 11 сол сардори идораи бақайдгирии молу амволи ғайриманқул дар шаҳри Хуҷанд буд. Ҳамзамон Қосимов яке аз чеҳраҳои намоёни шаҳри Хуҷанд буда, соли 2013 бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд яке аз мақомдорони Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябр ҷон ба ҳақ таслим кард. Марҳум роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмон буд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда, Зувайдзода мариз будааст ва чанд муддат мавриди тадовӣ қарор дошт, вале табибон ҷони ӯро аз дами марг наҷот дода натавонистанд.
Марҳум соли 2013 бо амри роҳбари давлат директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукумати Дастгоҳи иҷроия ва аз соли 2017 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.
Дар вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020 кор мекард.