Уфти нархи рубл ва гароншавии доллару евро дар Тоҷикистон

Аз аввали ҳафта барои нахустин бор дар бозори арзии Тоҷикистон поинравии қимати пули Русия сабт гардид, ки ҳудуди 2,5 сомонӣ сари ҳазор рубл кам шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Қимати ҳазор рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон то ба 144,5 сомонӣ расидааст, иттилоъ дод Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Ин нишондод дар қиёс бо рӯзе қабл ҳудуди 2,5 сомонӣ камтар мебоошад. Рӯзе қимати пули Русия дар Тоҷикистон 147 сомонӣ сари ҳазор рублро ташкил медод ва аз он пештар 146 сомонӣ буд.
Поинравии қимати рубл дар Тоҷикистон барои аввалин бор дар ҳафтаи равон ба қайд гирифта шуда, ду рӯзи аввали ҳафта раванди гаронишавӣ идома дошт.
Маврид ба зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта қимати ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон то 142 сомонӣ расида буд, ки поинтарин нишондод тайи моҳҳои охир мебошад.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, феълан дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ 1 ҳазор рубл ба ҳисоби миёна бо қимати 144,5 то 147 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Дар Тоҷикистон якбора ду низоми пардохт аз кор монд: сабаб
Дар ҳамин ҳол нархи доллари амрикоӣ дар кишвар каме боло рафта, феълан дар сатҳи 10.2092 сомонӣ қарор дорад. Нархи евро низ айли болоравияшро идома дода, то ба 10.8534 сомонӣ расидааст.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки 1 доллари ИМА аз 10.2092 то 10.2300 сомонӣ ва 1 евро аз 10.8534 то 11.0000 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ таъкид намудааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.