Пушилин: Дар Украина мавҷи нави басиҷшавӣ оғоз шуд - видео

Дар Украина мавҷи навбатии басиҷшавӣ эълон шуд. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Украина намояндагони артиш пушти сарбозони тоза мегарданд
Sputnik
Ҳукумати Украина нақша дорад, танҳо аз вилояти Харков 20 ҳазор нафарро ба хидмат ҷалб кунанд, гуфт раҳбари ҶМД Денис Пушилин.
"Бо назардошти он, ки комиссариати ҳарбӣ дар онҷо замоне хароб шуда буд, вақте гумон мерафт, ки Харковро таслим кардаанд, ҳама гуна мавод дар бораи кӣ бояд қайди ҳарбӣ дошта бошад ва бо ҳар роҳе кӯшиш мекунанд, ки ба ин рақам бирасанд", - гуфт оқои Пушилин дар мусоҳибаи вижа бо Sputnik.
Туркия Эрдуғонро ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кард
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24-уми феврали соли равон амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз карда, ҳадафи онро ҳимояи Донбасс ва теъмини амнияти худи ФР арзёбӣ намуд.