ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Қирғизистон тамоми корро анҷом медиҳад, то баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро танҳо бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал намояд, гуфт раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов.
Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи девони вазирон, ки дар он натиҷаҳои кор дар соли 2022 баррасӣ шуд, хабар дод.
Ба гуфтаи Ҷабборов, танҳо ҳалли ниҳоии баҳси марзӣ метавонад таҳдидҳо ба тамомияти Қирғизистонро хотима бахшад.
Аз ин рӯ, раисҷумҳури Қирғизистон инро ҳадафи аслии мақомоти кишвар номид.
Тавре вай афзуд, мушкилоти марбут ба марзбандии ҳудудии Қирғизистон ва кишварҳои ҳамсоя баъди ба даст овардани истиқлолияти ин кишвар ҳал нашудааст.
"Мо набояд баҳси марзро ба насли ояндаи худ гузорем. Вазифаи мо он аст, ки заминҳоеро, ки аз ниёгон ба мо гузоштаанд, ба насли оянда супорем", - хулоса кард Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26 декабр мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар баргузор шуд, ки дар он натоиҷи фаъолиятҳо барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзӣ баррасӣ шуд.
Дар натиҷаи гуфтушунид қарор қабул гардид, ки ба прокуратураҳои ҳар ду давлат барои ҳарчи зудтар баргардондани молу мулк ба шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ дархост фиристода шавад.
Дар протокол инчунин банди пешгирии кирдорҳое, ки боиси тезу тунд шудани муносибатҳои тарафҳо мегарданд, дохил гардидааст.