ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Ҳирот таъйид карданд, ки Ҳакимов сарбози бозмондаи артиши сурх машҳур ба шайх Абдуллоҳ, ки дар солҳои ҳузури артиши сурхи Шуравӣ ба Афғонистон дар Ҳирот асир шуд, ахиран дар сини 50 солагӣ ба иллати бемории танаффусӣ дар шаҳр Ҳирот даргузашт, иттилоъ додааст “Sputnik Афғонистон”.
Ба гуфта манобеъ, аз шайхи Абдуллоҳ як духтар ба ҷо мондааст.
Ёдоварӣ мекунем, ӯ ки яке аз афсарони созмони иттилооти Шуравии пешин буд, чаҳордаҳаи пеш пас аз захмӣ шудан аз сӯии муҷоҳидин дастгир шуд.
ӯ пас аз асорат дар Ҳирот мусулмон шуд ва издивоҷ кард ва зиндагиашро дар вилояти Ҳирот идома дод.
Ҳамчунин ӯ номашро аз Ҳакимов ба шайхи Абдуллоҳ тағйир дод.
Падари шайхи Абдуллоҳ аз Русияу модараш аз Украина буданд.