Русия дар Тоҷикистон технопаркҳо мекушояд

Ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин созанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Русия азм дорад, филиалҳои паркҳои технологии худро дар қаламрави Тоҷикистон ифтитоҳ кунад, хабар дод раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои Федератсия Лилия Гумерова.
Агар ҷавонон ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои илмию техникӣ шавқ дошта бошанд, дурнамои нек дорад, изҳор доштаст сенатор дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Вместе-РФ".
"Идеяи хеле ҷолиб, ба назари мо, таъсиси паркҳои технологии муштарак аст. Мо ҳамчунин дар бораи ифтитоҳи филиалҳои паркҳои технологии худ дар қаламрави Тоҷикистон сӯҳбат кардем", - гуфт Гумерова.
Вай таъкид намудаст, ҷавононе, ки ба лоиҳаҳои илмию техникии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд бо кори худ соҳибихтиёрии технологии ду кишварро таъмин намоянд.
Аз "Помир Аква" то панели офтобӣ: Парки технологии Дарвоз чӣ тавлид мекунад?
Гумерова инчунин дар бораи гуфтушуниде, ки дар доираи барномаи "Муаллими рус дар хориҷ" суҳбат кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло ташаббуси табодули омӯзгорон байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли омодагӣ аст.
Сенатор ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилот бо забони русӣ ифтитоҳ шудааст, ки тибқи стандартҳои Русия фаъолият хоҳанд дошт.
Ин дар ҳолет, ки мақомоти Тоҷикистон азм доранд, тавассути ташкили паркҳои технологӣ бахши саноат дар кишварро рушд диҳанду ҷойҳои нави корӣ фароҳам созанд. Дар назар аст, то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар зиёда аз 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон паркҳои технологӣ таъсис ёбанд.