Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон: ҳарончи дар кишвар рух дод, масъулаш ИМА аст

Раисҷумҳури пешини Афғонистон, ки пас аз ба қудрат расидани толибон дар Кобул боқӣ монд, ИМА-ро дар он чи бо ин кишвар рух дод, муттаҳам кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Амрикоро дар фасоди чандмиллиондолларии марбут ба қарордодҳо барои бозсозии ин кишвар муттаҳам кард.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзномаи Washington Post изҳор дошт.
"Ман масъулияти фасод ва ришваҳои марбут ба пешниҳоди хадамотро ба ӯҳда мегирам... Аммо қарордодҳои бузург, фасоди бузург, садҳо миллион доллар, ин корест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дод", - гуфт Карзай.
Ба гуфтаи вай, дар ҳодисаи сарнавишти Афғонистон маҳз ИМА гунаҳкор аст.
"Ҳамон лаҳзае фаҳмидам, ки ҷанге, ки ба номи шикаст додани терроризм сурат гирифт, воқеан ҷанг алайҳи мардуми Афғонистон аст, ҳама чиз тағйир ёфт", - гуфт раисиҷумҳури собиқ дар бораи ҳамкориҳои худ бо нерӯҳои низомии Амрико.
Масъуд дар Душанбе шарти қабули ҳукумати толибҳоро эълон кард
Ҳомид Карзайро барои идораи бесалоҳияти кишвар дар як давраи барояш душвор, нодида гирифтани ниёзҳои мардум ва фасод интиқод мекунанд.
Пас аз ба қудрат расидани толибон, ӯ дар пойтахт таҳти ҳабси хонагӣ монд ва билохира раҳо шуду дар хориҷ ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст задааст.
Пас аз раҳоӣ номбурда бо сиёсиюни фирории ин кишвар дидорҳо дошта, тарҳи гуфтумони миллиро роҳандозӣ дорад, ки ба гуфтаи таҳлилгарон муваффақ нахоҳад шуд.