Ҷанги шадид дар Андаробҳо: ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат кушта шуд

Дар минтақаи Тағонаки ноҳияи Пули Ҳисори Андароб беш аз як шабонарӯз миёни толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ҷангҳои шадид рух дод, ки талафоти зиёд дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Хайрмуҳамад Хайрхоҳи Андаробӣ як аз аршадтарин фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон кушта шуд.
Бино ба гузоришҳои расида, ӯ дар набардҳои пайдарпайи толибон аз замину ҳаво наздик ба 30 соат ҷангида бо 21 тан размандагонаш бинобар поёнёбии муҳимоташ шаҳид шудааст.
Дар робита ба ин талафоти Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳа низ паёме нашр карда, гуфтааст, ки Фармондеҳ Андаробӣ дар дифоъ аз озодӣ то охирин гулӯла дар сангар истоду ҷангид.
"Душман бидонад, ки бо шаҳодат доданҳо аз пой намеуфтем ва аз роҳе, ки интихоб кардем ҳаргиз барнамегардем", - таъкид кардааст Масъуди хурдӣ.
Ӯ ба мардуми Афғонистон итминон додааст, ки идомадиҳандаи роҳи шуҳадо ва бузургон буда, то охирин қатраи хун аз ормонҳояшон посдорӣ мекунад ва то озодии кишвар аз зулми толиб ба муборизоти худ идома хоҳанд дод.
Номбурда гуфтааст, ки бо аз даст додани афрод ҷабҳа шикаста нахоҳад шуд, балки ҳамарӯза афрод ба суфуфи он шомил мешаванд.
Дар ҳамин Ҳол Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯёни Ҷабҳа низ дар Твиттер навишт, ки дар баробари Андаробӣ фармондеҳи дигар Ғозӣ Муродӣ низ ҳалок шудааст.
Дар ин ҷанги шадид толибон бошанд 30 куштаву 28 захмӣ доштаанд, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ захмиёну мурдагонро тавассути чархбол ба Кобул интиқол додаанд.
Масъуд: Толибон ба ҳеҷ унвон тағйир накардаанд
Пас аз Панҷшеру Бадахшон ин сеюмин набарди шадид аст, ки муқовимати милли афроди зиёдашро аз даст медиҳад ва бинобар баъзе манобеъ талафот аз авват то кунун аз 200 тан гузаштааст.
Мавриҳд ба зик аст, ки Ҷабҳаи муқовимат пас аз суқути ҳукумати қабливу фирори Ашраф Ғанӣ ва ба сари қудрат омадани толибон эълони мавҷудият кард.
Ҳоло ин ягона нерӯи низомӣ аст, ки дар дохили Афғонистон ба зидди толибон ҷанг мекунад ва ягона роҳи озодии кишварро дар муборизаи мусаллаҳона мебинад.
Толибон, ки дар 15 августи соли 2021 ба қудрат расиданд, то кунун машуияти на дохилӣ ва на хориҷиро ба даст наовардаанд.