Болоравии нархи рубл дар Тоҷикистон

Ҳафтаи равон дар бозори нақди Тоҷикистон бо афзоиши қимати пули Русия оғоз гардида, феълан ин раванди гаронишавии рубл идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Қимати ҳазор рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон то ба 147 сомонӣ расидааст, иттилоъ дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод рӯзе қабл 146 сомониро ташкил медод.
Маврид ба зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта қимати ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон то 142 сомонӣ расида буд, ки поинтарин нишондод тайи моҳҳои охир мебошад. Ҳафтаи ҷадид дар бозори арз аз ҷаҳиши нархи пули Русия то ба 146 сомонӣ сари ҳазор рубл оғоз гардид.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон феълан дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ 1 ҳазор рубл ба ҳисоби миёна бо қимати 147 то 149,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Нияти Тоҷикистон барои пардохти қариб 1 млрд доллар қарз дар солҳои наздик
Дар ҳамин ҳол нархи доллари амрикоӣ дар кишвар каме поин рафта, феълан дар сатҳи 10.2008 сомонӣ қарор дорад. Нархи евро майли болоравӣ дошта, то ба 10.8404 сомонӣ расидааст.
Ба иттилои БМТ, нархи миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ барои 1 доллари ИМА аз 10.2008 то 10.2300 сомонӣ ва 1 евро аз 10.8404 то 11 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ таъкид намудааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.