ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сардори амнияти толибҳо дар вилояти Бадахшон, Абдулҳақ Умарӣ дар шаҳри Файзобод кушта шуд, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 26 декабр дар даромадгоҳи идораи амнияти Бадахшон дар шаҳри Файзобод рух додаст. Тавзеҳ дода шудааст, ки мошини ӯро бо дастгоҳи худсохте таркондаанд.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, куштори мақомдори толибҳоро натиҷаи зиддиятҳои дохилӣ дар ин гуруҳ гуфт, ки ба иддаои ӯ густурдатар шудаанд.
Таъкид шудаст, ки ин нахустин куштори мақомдори баландпояи амниятии толибҳо аз замони ба сари қудрат расидани ин гуруҳ дар Бадахшон мебошад.
Бадахшони Афғонистон қариб 99% тоҷикнишин буда, аз шимол бо вилоятҳои Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳамсарҳад буда, аз манотиқи аз лиҳози амниятӣ ҳассоси минтақа ба ҳисоб меравад.
Қаблан бархе нофаҳмиҳо дар таъйини волӣ дар Бадахшон низ ҷой дошт. Дар ниҳоят тирамоҳи соли равон Мавлавӣ Амонуддин Мансур аз вазифаи фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии ҳукумати толибҳо барканор ва ба мақоми волии Бадахшон таъйин гардида буд.
Мавлавӣ Амониддин волии қаблӣ ва аввалини толибҳо дар Бадахшон буд, ки тирамоҳи соли гузашта аз вазифа барканор шуду муовини фармондеҳи гарнизони Мазори Шариф таъйин гардид. Ин таъйинот боиси норозигии ӯ шуда буду роҳбарияти толибҳо ба ӯ вазифаи фармондеҳии нерӯҳои ҳавоиро доданд.
Мавлавӣ Амониддин, ки худ зодаи Бадахшон аст, дар мақоми волӣ Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқро иваз кард.