ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Кормандони корхонаи “Тоҷиксуғурта” дар Душанбе ҳазорҳо полисро ба шаҳрвандон фурӯхта маблағашонро тасарруф кардаанд.
Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи санҷиш дар филиали "Тоҷиксуғурта" дар Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш муайян шуд, ки масъулини корхонаи мазкур ба миқдори 5375 дона полисҳои суғуртавиро ба шаҳрвандон фурӯхта, пулро тасарруф намуданд.
Ҳаҷми маблағи тасарруфшуда аз фурӯши қариб 5.4 ҳазор дона полисҳои суғуртавӣ беш аз 668 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудаст.
"Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон барои коҳиши омили инсонӣ азм доранд, дар расондани хадамоти давлатӣ пардохтҳои ғайринақдиро роҳандозӣ намоянд.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.
Президент мақомотро барои таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ муваззаф намуд.