Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Музокирот ва имзои санади навбатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз

Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ боз пушти мизи музокира нишаста дар бораи чандин масъалаи муҳим ба тавофуқ расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар ҳудуди деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз бо ҷамоати деҳоти Хистеварзи Тоҷикистон мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев сурат гирифт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мулоқот дар бинои чойхонаи “Раъно”-и деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки ҳаммарз бо ҷамотаи деҳаи Хистеварзи Тоҷикистон аст, сурат гирифт.
Дар ин мулоқот ба ҳисоби раисони вилоятҳо, Раҷабали Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – мудири Хадамоти марзбонии Қирғизистон Уларбек Шаршеев иштирок доштанд.
Зас: вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон умедворкунанда аст
Дар анҷоми музокирот тарафҳо сари як чанд масъалаҳои марзӣ санаде ба имзо расониданд.
Аз рӯи натиҷаҳои музокира қарорҳои зерин қабул карда шуданд:
- Идома додани кори комиссияи муштарак дар соли 2023;
- Пешниҳодҳо ба прокуратураи тарафҳо барои зуд ҳал намудани масъалаи баргардонидани молу мулки шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳуриҳо;
- Пешгирии аз амалҳое, ки боиси бад шудани муносибатҳо байни тарафҳо дар сарҳади давлатӣ мегарданд.
“Зимни мулоқот роҳбарони Хадамотҳои марзбонии ду кишвар ҷараёни иҷрои протоколҳои қаблан имзошударо барои ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд”, - гуфт Музаффар Юнусов.
Ғайр аз ин, тарафҳо вазъи ба вуҷудомада дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ карда, самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи марзиро қайд карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар фазои дӯстӣ: Душанбе аз натиҷаи гуфтушуниди нави марзӣ бо Қирғизистон хабар дод
Ҷонибҳо дар ин музокирот зикр карданд, ки таҳкими амнияту эътимод, ҳифзи оромиву субот дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон саҳми муҳим дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар музокироти мазкур натиҷаҳои мусбати фаъолияти муштарак дар ҳалли масъалаҳои марзӣ қайд карда шуд.