ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Мубодилаи тиҷоратии дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 11 моҳи соли 2022 ҳудуди 503 миллион долларро ташкил дод, иттилоъ додааст Агентии омори Тоҷикистон.
Тибқи иттилоои манбаъ, ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 26,7% бештар аст.
Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бештр ашёи хом: алюминийи аввалия, қувваи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, чарми хом, пилла, абрешими хом, инчунин матоъҳои гуногун, нӯшокиҳои спиртӣ, қолин ва ғайра содирот мекунад.
Аз Ӯзбекистон маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, металлҳои ранга, таҷҳизоти электрикӣ ва механикӣ ворид карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, агентии омори Ӯзбекистон хабар додааст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки саҳми зиёди содирот ба Ӯзбекистонро доранд, дар ҷои шашум қарор дорад: дар 11 моҳи соли равон аз ҷумҳурии ҳамсоя ба маблағи беш аз 460 миллион доллар мол ворид кардааст.
Таъкид шудааст, ки мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз ба сари давлат омадани Шавкат Мирзиёев беш аз 7 маротиба — аз каме бештар аз 70 миллион доллар дар соли 2016 то ба беш аз 500 миллион доллар дар соли 2022 афзоиш ёфт.