ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Остона ва Тошканд ба иқдомоти муштарак бо Маскав барои таъсиси иттиҳоди газӣ омодаанд, изҳор дошт муовини вазири корҳои хориҷии ФР, Михаил Галузин дар суҳбат бо ТАСС.
Ба гуфтаи ӯ, таъсиси "иттиҳоди сегонаи газӣ" ҳам барои Русия ва ҳам барои шарикон - Қазоқистон ва Ӯзбекистон муфид мебошад.
"Ҳамкориҳо дар ин самт бо ҳадафи таъминоти иҷтимоӣ, суботи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум заруранд", - гуфт ноиби вазири умури хориҷии Русия.
Ҳамзамон, муовини вазир қайд кард, ки барои татбиқи ин ғоя "ҳеҷ монеаи ҷиддие вуҷуд надорад", вале корҳои зиёди системавӣ, пеш аз ҳама дар сатҳи коршиносон лозим аст.
Ин дар ҳолест, ки ташаббус дар мавриди ташкили иттиҳодияи газии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон танҳо дар ҳоли баррасист, аммо дар Ғарб аллакай онро ангезаи сиёсӣ доданд, изҳор дошт ахиран вазири умури хориҷии ФР, Сергей Лавров.
"Махсусан дар Ғарб иддао доранд, ки ин бозии сиёсӣ ва ё геосиёсӣ аст. Ҳеч гуна бозӣ дар тарҳ нест", - изҳор доштаст ӯ.
Вай таъкид намуд, ки ин се кишвар инфрасохтори умумии газӣ доранд ва чунин тарҳҳо метавонанд барои ҳалли масоили мушаххаси амалӣ мусоидат намоянд. Ӯ гуфт, ахиран паёме хонд, ки Ӯзбекистон дучори камбуди нерӯи барқ шудааст ва афзуд, ки маҳз дар чунин ҳолатҳо тарҳҳои муштарак барои ҳалли мушкилот мусоидат мекунанд.
Пештар роҳбарони Русия ва Қазоқистон - Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳодияи газӣ бо иштироки Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Путин ва Тоқаев ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои муфассали сеҷониба бояд бо иштироки коршиносон барои пайдо намудани ҳалли оқилонае, ки манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар назар доранд, баргузор кунанд.