Ҷалби мураббиёни ҷопонию тамрин дар Австрия: иқдоми нахустини Исмоил дар садри Федератсия

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз нахустин иқдоми президенти нави ин ин ташкилот хабар додааст, ки барои рушди ин соҳа равона гардидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Исмоили Маҳмадзоир ҷудокорони тоҷикро барои тамрин ба Австрия мефиристад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудо, президенти тозатаъйини ин ташкилот дар пайи сафарҳои охири хориҷияш чанд созишнома барои рушди соҳаро ба имзо расондаанд.
Таъкид шудаст, ки аз рӯи як созишнома моҳи январи соли оянда ҷудокорони тоҷик бояд барои тамрин ба шаҳри Вена сафар кунанд.
Манбаъ афзуд, ки Исмоили Маҳмадзоир барои варзишгарони тоҷик мураббиёни ботаҷрибаи ҷопониро ҷалб намудааст, то дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондодҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъоварӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки Исмоили Маҳмадзоир, набераи президенти Тоҷикистон, моҳи ноябри соли равон президенти нави Федератсияи ҷудо интихоб гардида буд.
Эргаш Маҳмадбеков ноиби Исмоили Маҳмадзоҳир таъйин шуд
Инчунин ахиран роҳбари пешини Федератсияи ҷудои вилояти Иркутски Русия, Эргаш Маҳмадбеков ба мақоми ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб гардид.
Эргаш, ки аз хонаводаи маъруфи паҳлавонҳо дар Тоҷикистону Русия - Маҳмадбековҳо мебошад, нақшаҳояш барои рушди ҷудо дар ҷумҳуриро баён дошт.
"Дар марҳилаи аввал мо нақша дорем, ки аз кишварҳои пешрафтаи варзишӣ мутахассисони варзидаи ҷудоро даъват кунем, то анъана ва таҷрибаи беҳтарини пешрафтаи ҷаҳонро аз худ кунанд", - гуфт Маҳмадбеков.
Илова бар ин, дар назар аст, ки дар шаҳри Душанбе як маркази омодагии олимпии ҳунарҳои размӣ боз кунанд, афзуд ӯ.