Соли бобарори Хатлон: Раиси вилоят гуфт, буҷа чанд шуду саноат чӣ қадар

Раиси Хатлон дар маҷлиси вакилони халқи вилоят дар мавриди бурду бохтҳои бахшҳои хоҷагидорӣ дар минтақа тайи соли 2022 ҳисобот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Соли 2022 сарфи назар аз таъсири таҳаввулоти байналмилалӣ барои мардуми Хатлон бобарор ва пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ буд, изҳор дошт раиси вилоят, Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи вакилони халқӣ.
Ба иттилои ҳукумати Хатлон, Ҳакимзода зимни ҳисоботаш дар мавриди фаъолият дар соли 2022 изҳор дошт, ки нақшаи даромади буҷет 102,5% таъмин шуда, ба буҷети вилоят зиёда аз 1,86 млрд сомонӣ ворид гардид.
Вай афзуд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар вилоят наздики 54 ҳазор ҷойи нави корӣ ва барқароршуда сабт гардидаанд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят дар 11 моҳ наздики 24 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст, ки нисбати соли гузашта 1,5 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Танҳо бо пули буҷа рушд намешавад: Вазири молия дар бораи зарурати қарзгирӣ
Дар идома Ҳакимзода аз татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 гуфта, илова намудаст, ки дар доираи он дар 108 лоиҳа ба маблағи 2,9 млрд сомонӣ корҳо анҷом ёфтаанд.
Ҳаҷми корҳои анҷомдодашуда дар маҷмӯъ 34%-и нишондиҳандаҳои пешбинишудаи панҷсоларо ташкил медиҳад, афзуд манбаъ.
Дар баробари ин раиси Хатлон аз рушди саноат гуфтааст, ки аз ҷониби ҳукумат ҳадафи стратегӣ эълон гардидаст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 9,5 млрд сомонӣ расида, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 123 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд бо наздики 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфтаанд, афзуд раиси Хатлон.