Коршиноси низомӣ аз силоҳи нави Русия алайҳи Starlink гуфт - видео

Мушкили артишгурезӣ дар Украина густурда шуда, мақомоти Киевро ба чораандешӣ ва қабули санадҳои махсус водор кардааст, изҳор медорад коршинос
Sputnik
Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, Валерий Залужний аз президенти кишвараш, Владимир Зеленский хостааст, қонуни ҷадид алайҳи артишгурезиро имзо кунад.
Бар асоси ин тарҳ, ҷазо барои низомиёне, ки ба артишгурезӣ даст мезананд, сангинтар мешавад ва худи ин ташаббус нишон медиҳад, ки мушкили мазкур дар Украина густурда шудааст, изҳор дошт коршиноси низомӣ, муаллифи тарҳи Military Russia Дмитрий Корнев.
Вай дар суҳбат бо Sputnik ҳамчунин тавзеҳ дод, ки афзоиши ҳолатҳои фирор, ба қобилияти ҷангии артиши Украина чӣ гуна таъсир мерасонад?
Чаро ҳамаи силоҳҳои ба Украина интиқолёфта дар фронт самаранок набуданд? Чӣ тавр силоҳҳои нави Русия ба шабакаи Starlink муқобилат карда метавонанд? Ба ин ва дигар суолҳо коршиноси низомӣ посух дод.
Намоиши кори мушакандози чандгонаи "Ураган"-и Русия - видео
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.