ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев, ки тобистони соли равон аз мақоми ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор шуд, ахиран аз ҳайати раёсати ин ниҳод низ хориҷ гардид.
Фармон дар ин бораро ахиран, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Бар асоси фармон, Нуралиев аз ҳайати раёсати Бонки миллӣ низ хориҷ гардида, ду нафари дигар ба ҳайси узви раёсат таъйид гардиданд.
Шарифзода Фирӯз Ҳомиддин ва Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, ки пештар ба ҳайси муовинони раиси Бонки миллӣ таъйин шуданд, ба ҳайси аъзои ҷадиди раёсати бонк тасдиқ шуданд.
Қаблан Маҷлиси намояндагон аз барканории муовинони БМТ, аз ҷумла барканории Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ ҳимоят карда, ноибони нави роҳбари ин ниҳод таъйин шуданд.
Аз ҷумла Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.
Бо фармони дигар Шарифзода Фируз Ҳомиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон шудааст. Инчунин Назирӣ Гулбаҳор Назир мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт. Ӯ то расидан ба ин мақом вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.
Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини дигари раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки бо фармони президенту қарори парлумон таъйин гардид.