Темур Раҳимовро дар Душанбе бо парчаму гулдастаҳо пешвоз гирифтанд

Қаблан, ин паҳлавон бо қарори Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиш ҳамчун беҳтарин варзишгари сол дониста шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, дорандаи нишони нуқраи мусобиқаи "Jerusalem Masters - 2022", Темур Раҳимов ба Тоҷикистон баргашт.
Бар хабари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Раҳимовро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону пайвандон, дӯстон ва намояндагони соҳаи варзиши мамлакат гарм истиқбол гирифтанд.
Бояд гуфт, ҷудокори тоҷик пасаз ба даст овардани нишони нуқра дар мусобиқаи ниҳоии "Jerusalem Masters - 2022" соҳиби 1 260 имтиёз гардида, мавқеи худро ҳамчун ҷудокори рақами яки ҷаҳон миёни сангинвазнҳо мустаҳкамтар кард.
Илова бар ин, Темур Раҳимов аввалин ҷудокори тоҷик гардид, ки дар мусобиқаи ниҳоии “Masters” соҳиби медал шуд.
Беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шуд
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи ниҳоии "Jerusalem Masters - 2022", ки аз 20 то 22 декабр бо иштироки 382 варзишгар (200 мард, 182 зан) аз 55 кишвар доир шуд, Тоҷикистонро 3 нафар намояндагӣ карданд ва танҳо ба Темур Раҳимов муяссар шуд, ки нишони нуқраи инмусобиқаро ба гардан овезад.
Зимнан, ду намояндаи дигари Тоҷикистон: Эомалии Нуралӣ дар даври аввал мағлуб шуду, Комроншоҳи Устопириён мақоми 7-умро касб кард.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ва ба даст овардани холҳои олимпӣ, бо ҷоизапулӣ ҷои аввал – 6000 евро, ҷои дуюм 4000 евро ва ҷои сеюм 2000 евро қадрдонӣ карда шуданд.