Шаҳрдори Исфара дар остонаи Соли нав ба аёдати хонаводаҳои шаҳидони муноқишаи марзӣ рафт

Шаҳрдори Исфара ҳамчунин нусхаи қарореро дастрас намуд, ки тибқи он кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ба хотири гиромидошти ному ёди ин шаҳидон номгузорӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Шаҳрдори Исфара ташрифи солинавии худро аз манзили хонаводаҳое оғоз кардааст, ки онҳо аъзои оилаашонро дар пайи рухдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз даст додаанд.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии шаҳрдори Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Баҳодурзода барои аёдати сокинон ба чанд ҷамоати шаҳр сафар кардааст.
“Барои аёдати сокинон ба ҷамоатҳои Шӯроб ва Зумрад сафар карда, кумакҳои моддӣ тақдим намуданд”- гуфт, котиби матбуот.
Бино ба иттилои манбаъ шаҳрдори Исфара аз ҷумла барои аёдати пайвандони Ҳодибой Султонов, Рустам Содиқов, Ҷамшед Сангинзода ва Ҳоҷирахон Фаррухзода, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бар асари рухдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ ба шаҳодат расиданд, сафар кард.
Зикр гардид, ки ба ҳисоби тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ, шаҳрдори Исфара ҳамчунин нусхаи қарореро дастрас намуд, ки тибқи он кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ба хотири гиромидошти ному ёди ин шаҳидон номгузорӣ хоҳад шуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Аёдати генералҳои боломақом аз сарбозони захмишуда дар марз бо Қирғизистон
Зимни суҳбат бо сокинон, раиси шаҳри Исфара зикр намудааст, ки ҷоннисориҳои фарзандони кишвар, ки барои ҳифзи хоки сарзамин ҷони худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.
Зубайдулло Шомадов гуфт, ки дигар масъулини ҳукумати Исфара ҳам муваззаф шудаанд, ки дар остонаи соли нави мелодӣ ба аёдати хонаводаҳои зарардидаи муноқишаи марзӣ сафар кунанд.