ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар Душанбе Анҷумани даҳуми хатмкунандагони мактабҳои олии Русия ва Шӯравии муқими Тоҷикистон баргузор шуд.
Иштирокчиёнро сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев пешвоз гирифт.
"Дар ин ҷо саҳми муҳандисон, агрономҳо, табибон, омӯзгорон ва бисёре аз мутахассисони шӯравиву русиро дар сохтмони Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ёдоварӣ ва қадр мекунанд. Бо гузашти солҳо ва пас аз ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ, мо саҳми хатмкунандагони мактабҳои олии Русия дар ташаккули Тоҷикистони нави соҳибистиқлолро наметавон нодида гирифт", - гуфт Григорев.
Сафир ҳамчунин зикр кард, ки дар миёни раҳбарони феълии сатҳҳои мухталифи Тоҷикистон хатмкардагони донишгоҳҳои Русия зиёданд.
"Дар аввали соли 2022 дар Русия 28 ҳазор донишҷӯи ҷавони тоҷик буд, ки беш аз 60 дарсади онҳо дар маконҳои буҷетӣ таҳсил мекунанд", - таъкид кард дипломат.
Вай инро саҳми ҳақиқии Русия ба мустаҳкам шудани дӯстии байни ҳар ду мамлакат ва халқҳо номид.
Ба андешаи ӯ, фаъолияти донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, аз қабили ДСРТ, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, ДИМ МИСиС ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки бидуни тарки ватан таҳсили русӣ бигиранд.
Дар баробари ин, Григорев аҳамияти нигоҳ доштани идомаи наслҳоро дар ҳамдигарфаҳмӣ аз ҳисоби ягонагии фазои таълимӣ ва донистани забони русӣ қайд кард.
Иштирокчиён инчунин ба чунин мавзӯҳо, аз қабили нақши Русия дар омода кардани кадрҳои илмӣ барои Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи фарҳанг, бартариҳои маорифи Русия ибрози назар карданд.