ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Ҳама эътироф карданд, ки ҳамлаи террористӣ дар лӯлаи “Маҷрои Шимолӣ” сурат гирифтааст, маълум аст, ки ин бо дастгирии бархе кишварҳо сурат гирифтааст, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин.
"Ин як ҳамлаи террористӣ аст. Маълум аст. Ҳама онро эътироф карданд. Тааҷҷубовар вале, ин ин як амали байналмиллалӣ, ман онро терроризми давлатӣ медонам. Чаро? Зеро афроди алоҳида, шахсони воқеъи бидуни дастгирии сохторҳои давлатӣ, тавоноии содир намдуни чунин амалро надоранд. Маълум аст, ки ин кор бо дастгирии давлатҳо сурат гирифтааст”, - гуфт Путин дар нишасти матбуотӣ.
Вай афзуд, "дар чунин ҳолатҳо маъмулан мегӯянд: "Бубинед, кӣ манфиатдор аст".
Ҳамлаҳо рӯзи 26 сентябр якбора ба ду лӯлаи гази содиротии Русия ба Аврупо: - “Маҷрои Шимолӣ” ва “Маҷрои Шимолӣ – 2” сурат гирифтанд.
Олмон, Дания ва Шветсия бар онанд, ки вайронкории қасдӣ аст. Ширкати Nord Stream Nord Stream AG хабар дод, ки вазъи изтирорӣ дар лӯлаҳои газ бесобиқа аст ва тахмин задани замони таъмири лӯла ғайриимкон аст.
Додситонии кулли Русия дар робита ба амали террористии байналмилалӣ пас аз осеб дидани лӯлаҳои гази “Маҷрои шимолӣ” парванда боз кард.
Рӯзи 31 октябр президенти Русия Владимир Путин хабар дод, ки ба Газпром иҷоза дода шуд, ки макони таркиши лӯлаи газро тафтиш кунанд ва раҳбари ин ширкат Алексей Миллер ба ӯ дар бораи натиҷаҳои санҷиш гузориш дод. Путин ҳамчунин гуфт, ки таркиш дар лӯлаи газ як ҳамлаи ошкори террористӣ аст.