Паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон дар Кохи Сомон ироа гардида, аз тариқи расонаҳои давлатии ҷумҳурӣ мустақиман пахш мегардад.
Барои шунидани паём, ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон бо қарори раиси Маҷлиси милллӣ, Рустами Эмомалӣ даъват гардид.
Паём аз қироати суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, Эмомалӣ Раҳмон дар он дар мавриди самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар суҳбат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки паёми президент ба парлумон ҳамасола дар ҳузури вакилон, роҳбарони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ироа мегардад.
Дар бисёре аз муассисаҳои давлатӣ тамошои дастаҷамъонаи паёми президент ташкил карда мешавад.
Соли гузашта паёми Раҳмон ба парлумон 21-уми декабр ироа шуда буд, ки дар он президент аз болоравии маош, сабукиҳо барои бархе аз бахшҳои иқтисод хабар дода, вазифаҳо барои соли ҷадидро гузошт.