ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ҳудуди 400 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла занону кӯдакони ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ аз Сурия ва Ироқ баргардонда шудаанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумон иттилоъ дода, афзуд, ки дар бархе ҳолатҳо ҳатто навзодҳоро бо худ гирифта ба он ҷо рафтаанд.
"Қариб 400 нафар занону кӯдаконро, ки шавҳарону падаронашонро куштанд, аз Сурия ва Ироқ баргардондем", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки зиёда аз 400 нафари дигар дар Сурия ва Ироқ қарор доранд, ки бояд онҳо ба Тоҷикистон баргардонда шаванд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон майли бархе аз шаҳрвандони кишварро ба гуруҳҳои радикалӣ мояи нигаронӣ хонда, хостори тарбияти беҳтари фарзандон шуд. Вақте тарбия нодуруст бошад, ҷавонон ба ҳар гуна равия мераванд, ҳатто аз падару модарашон рӯй мегардонанд, изҳор дошт Раҳмон.
Қаблан президент иттилоъ дода буд, ки дар баробари овардани занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик аз таҳсил дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар баргардонида шуданд.
Бори охир аз баргардондани занону кӯдакони тоҷик ба Ватан тобистони соли равон иттилоъ дода шуд.
ВУХ моҳи июл хабар дода буд, ки 146 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд, ки 42 нафарашон зан 104 нафар кӯдак мебошанд.
Илова гардид, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия талош менамояд.