Кор ҳаст, коргар нест: Президент мушкили 2 соли охир дар Тоҷикистонро гуфт

Президенти Тоҷикистон камбуди нерӯи корӣ дар корхонаю иншооти кишварро аз мушкилоти мубрами ду соли охир хонда, нерӯгоҳи "Роғун"-ро далел овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Камбуди нерӯи корӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" қариб 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон иттилоъ дод.
Вай аз ҷумла нерӯгоҳи "Роғун"-ро зикр намуд, ки дар майдони сохтмони он бояд ҳудуди 20 ҳазор коргар фаъолият кунанд. Аммо феълан ҳудуди 12,5 ҳазор нафар кор мекунанд, иттилоъ дод раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раисҷумҳур илова намуд, ки камбуди нерӯи корӣ ба мушкилоти мубрам дар давоми ду соли охир табдил ёфта, дар сохтмонҳои Душанбею коргоҳҳои вилояти Суғд низ ҷой дорад.
Маош то 4500 сомонӣ: Барои сохтмони “НБО Роғун” коргар меҷӯянд
Дар мавриди "Роғун" президент афзуд, ки сохтмони он бомаром пеш рафта истода, бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 млрд сомонӣ равона карда шуд.
Вай қаблан зикр намуда буд, ки дар маҷмуъ барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" тайи солҳои 2008-2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 млрд сомонӣ равона шудааст.
Вай масъулини нерӯгоҳ ва мақомоти дахлдорро вазифадор карда буд, ки барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, дар соли 2023 зиёд намудани шумораи ширкатҳо ва кормандон дар асоси озмун ва бо риояи талаботи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.