Герасимов аз омодагии СААД барои ҳимояи манофеи муштаракашон гуфт

Амалиёту размоишҳое, ки соли 2022, аз ҷумла дар Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор шуданд, омодагии СААД-ро барои дифоъ аз манфиатҳои муштараки худ нишон дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Амалиёти нерӯҳои посдори сулҳи СААД, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, омодагии кишварҳои узви ин созмонро барои ҳимояи муштараки манофеи худ нишон дод.
Дар ин бора сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия - муовини аввали вазири дифои ФР, Валерий Герасимов дар мулоқот бо атташеҳои низомии кишварҳои хориҷӣ изҳор дошт.
"Дар аввали соли ҷорӣ амалиёти посдори сулҳи СПАД барои нахустин бор дар қаламрави Қазоқистон баргузор шуд, ки омодагии давлатҳои ин созмонро барои ҳалли муштараки мушкилот ва дифоъ аз манофеи худ нишон дод", - қайд кард Герасимов.
Ба гуфтаи ӯ, муваффақияти амалиёт натиҷаи фаъолиятҳои мунтазами муштараки омӯзишӣ мебошад. Дар онҳо кормандони низомии кишварҳои ин созмон масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои мутақобила дар иҷрои вазифаҳои посдори сулҳро баррасӣ мекунанд.
Зас ба дабири ояндаи СААД муваффақият хосту шарҳ дод, ки худаш куҷо меравад
Герасимов афзуд, ки дар соли 2022 машқҳои муштараки "Сарҳад" бо нерӯҳои зудамали дастаҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказии ин созмон дар Тоҷикистон низ бомуваффақият баргузор шуданд.
Вай қайд кард, ки Русия ҳамчунон ба рушди бахши низомии СААД таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва ҳамчунон авлавият ба рушди муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқӣ дода мешавад.
Ҳамчунин масъалаи рушди ҳамкориҳои низомии СААД ва ҳамкории муносиботи ниҳодҳои дифоии кишварҳои узви СҲШ низ баррасӣ гардидаанд.