Пас аз тирборон: Ҳоли меҳмонхон Донбас, ки дар он Рогозин захмӣ шуд - видео

Маълум шуд, ки дар натиҷаи тирборони меҳмонхонаи Донетск, ки дар он раиси пешини Роскосмос маҷрӯҳ шуд, ду нафар кушта шудаанд
Sputnik
Иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск Денис Пушилин гуфт, ки бар асари тирборони шабонаи меҳмонхона дар Донетск, ки дар онҷо раиси пешини Роскосмос Дмитрий Рогозин захмӣ шуд, ду нафар кушта шуданд.
Оқибатҳои тирборони шабона дар як меҳмонхонаи Донетскро хабарнигорони РИА Новости наворбардорӣ кардаанд. Дар видео фурӯ рехтани як қисми бом, хароб шудани деворҳо ва конструксияи оҳанини меҳмонхона дида мешавад.
Ғарб қасд дорад Осиёи Марказиро аз Русия "канад"
Ҳангоми тирборони меҳмонхона пораҳои хумпора ба пушти Дмитрий Рогозин, ки дар ин лаҳза дар мулоқот бо гурӯҳи мушовирони низомӣ буд, бархӯрд.
Рогозин аз бароварда шуданаш аз минтақаи Донетск худдорӣ кард. Сиёсатмадор дар ин бора дар Telegram-и худ навишт, ки вазъаш қаноатбахш аст.
Рогозин ба муштариён гуфтааст, "пораи хумпора ба пушташ бархурдааст. Амалиёт дар пеш аст. Чанд нафари дигар, ки ба ман наздик буданд, маҷрӯҳ шуданд."
Антонов гуфт, ИМА ва Украина барои мусолиҳа омода нестанд
Вай афзуд, дар меҳмонхонае, ки тирборон шуд чанд моҳ боз зиндагӣ мекард.
Қаблан хабар расид, ки собиқ директори генералии Роскосмос Дмитрий Рогозин пас аз истеъфо ба минтақаи амалиёти вижаи низомӣ рафта аст.