ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар Кобул тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи мамнӯъияти толибон барои таҳсили олӣ барои занон ҷараён дорад.
Дар ин бора хабаргузории маҳаллии Aamaj News хабар додааст.
"Рӯзи панҷшанбе садҳо зан дар иртибот ба баста шудани дари донишгоҳҳо ба рӯи духтарон ба хиёбонҳои пойтахти Афғонистон рехтанд. Толибон 5 зани муътариз ва се хабарнигорро, ки барои пӯшиши тазоҳурот омада буданд, боздошт карданд", - навиштааст ин расона.
Ба навиштаи расонаҳо, духтарон мехостанд дар робита ба ин манъсозиҳо бо мақомоти маҳаллӣ мулоқот кунанд.
Дар навбати худ, толибон кӯшиш мекунанд, ки эътирозҳоро пешгирӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки бархе аз тазоҳуркунандагон тозиёна зада шудаанд.
Дар бораи изҳороти ҳукумати кунунӣ хабаре нест. Қаблан маълум шуд, ки вазорати таҳсилоти олии Афғонистон дастур додааст, ки таҳсили занон дар донишгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ - боздошта шавад.
Дар ҳамин ҳол тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо ин амали гуруҳи ҳукмрон дар Афғонистонро маҳкум карда, онҳоро ба иҷро накардани уҳдадориҳояшон айбдор мекунанд.
Носир Аҳмад Фоиқ, раҳбари намояндагии доимии Афғонистон дар СММ мегӯяд, эъломи толибон дар бораи мамнӯъияти рафтани духтарон ба донишгоҳҳо дар саросари Афғонистонро охирин нақзи ҳуқуқи бунёдии башар аст.
Ин амалкарди толибон дар ҳолест, ки бо ба қудрат расидан ин гуруҳ таҳсили ибтидоиро барои занон манъ карда буд.