ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ахиран дар бинои Думаи давлатии Русия мМулоқоти Сафири Тоҷикистон дар дар Русия баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар дидор бо вакилони Думаи давлатии Русия дар бораи аҳаммияти муносибатҳои байнипарламентӣ, ки тибқи анъана дӯстона мебошад ва дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, қайд кард.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои мухталиф, баррасӣ карданд.
“Аз ҷумла тарафҳо масъалаҳои иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд”,- зикр кардааст сафорат.
Қайд шудааст, ки мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ки Русия ҳавасманди ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо буда, дар соли равон дархостҳо барои гирифтани маҳсулоти тоҷикӣ афзоиш ёфтааст.
Вай гуфт Наздики 70 субъекти Федератсияи Русия бо шарикон аз Тоҷикистон додугирифт роҳандозӣ кардаанд.
“Русия ҳавасманди таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони тоҷикистонӣ дар ҳамаи бахшҳо мебошад ва баргузории чунин ҳамоишҳоро имкони хуб барои тавсеаи равобит арзёбӣ намуд. Аз Тоҷикистон ба Русия асосан маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла меваю сабзавот содир мешаванд”,- афзуд ӯ.