ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Сафари Владимир Зеленский ба ИМА нишон дод, ки на ӯ ва на раҳбарияти Амрико сулҳро намехоҳанд, гуфт сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов.
Ба гуфтаи ӯ, сафари тарроҳишуда бо усули ҳолливудӣ ба Вашингтон дар ниҳоят тасдиқ кард, ки изҳороти оштиҷӯёнаи маъмурият дар бораи набудани нияти ворид шудан ба муқобила бо Русия як ибораи холист.
"Сафари Зеленский ба ин ҷо, сӯҳбатҳо дар Вашингтон нишон доданд. ки на маъмурият (президенти ИМА Ҷо Байден, – ред.), на Зеленский ба сулҳ омода нестанд”, - гуфт Антонов дар изҳороти васеъ.
Вай таъкид кард, ки Киев ва Иёлоти Муттаҳида ҳадафи муноқиша, марги сарбозон ва "минбаъд низ пайвастани режими Украинаро ба ниёзҳои Вашингтон" доранд.
"Нуқоте, ки дар расонаҳои амрикоӣ нашр мешаванд, дар бораи он, ки гӯё Русия барои расидан ба сулҳ манфиатдор нест, дурӯғ аст", - гуфт Антонов ва афзуд, ки мавқеъи Маскав борҳо аз ҷониби президенти Русия садо додааст.
Бино ба гузориши расонаҳо Байден ба Зеленский ваъдаи кумак дар ҳаҷми як миллиард долларро кардааст.
Қаблан шахсиятҳои сиёсӣ ва коршиносон гуфта буданд, ки ба идомаи ҷанг дар Украина фақат Амрико манфиатдор аст. Онҳо ишора карда буданд, ки то амрико нахоҳад Зеленский сари мизи музокирот наменишинад.