Талоши Тоҷикистону Русия барои ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ

Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия барои ҷалби муташаккили муҳоҷирони корӣ ба бозори меҳнат баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодири ва сардори Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Русия Денис Васильев ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ дар умури татбиқи Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия баргузор гардид.
Тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Русия иштирок доштанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа тарафҳо имкони ҷалби муташаккли муҳоҷирон бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи имрӯзаи бозори меҳнати Русия ба коргарони хориҷӣ баррасӣ гардид
Ҳамчунин дар ин ҷаласа баррасии имкони ташкили пойгоҳи таълимӣ барои омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳо бо стандартҳои давлати Русия низ баррасӣ гардид.
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Дар Русия маркази омӯзишии пеш аз муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз мешавад
Манбаъ хабар додааст, ки дар ин ҷаласа масъалаҳои ифтитоҳи намояндагии корхонаи “Хадамоти паспорту визаи”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Тарафҳо инчунин имкони супоридани имтиҳони умумии дониши Забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия ва гузаронидани муоинаи тиббӣ дар қаламрави Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари ҳайати Русия ба Тоҷикистон боздид аз “Агентии шуғли аҳолӣ дар хориҷ аз кишвар” ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро ба назар гирифта шудааст.