ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Суғди Тоҷикистон Муҳаммадҷон Муҳаммадҷон ахиран дар нишаст бо мудирон ва ҷамъе аз фаъолони иқтисодии Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ, ки дар маҳали Утоқи бозаргонии ин устон баргузор шуд, изҳор дошт, ки Тоҷикистону Эрон пояи муносибе барои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва мубодилоти тиҷорӣ доранд.
Вай афзуд, сафари ҳайати тиҷории кишвари Тоҷикистон ба Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ метавонад ҳамкории фоидабахш байни тоҷирони Тоҷикистон бо ин устонро фароҳам кунад.
“Ин фаъоли иқтисодӣ тасреҳ кард, сарони ду кишвари Эрону Тоҷикистон бар асоси сиёсатҳои муштарак, равобити дӯстонае бо ҳам доранд ва мо фаъолони иқтисодӣ бояд аз ин фурсат истифода карда ва бар тақвияти мубодилоти тиҷорӣ бо якдигар иқдом кунем”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Суғди Тоҷикистон афзуд, ниёз аст то бозаргонон ва фаъолони иқтисодии ду кишвар беш аз пеш ба кишварҳои якдигар сафар карда ва дар сояи ҳамин рафту омадҳо равобити тиҷории худро тавсеа диҳанд ба наҳве, ки барои ҳар ду кишвар судманд ва муассир бошад.
Сарпарасти муовинати умӯри иқтисодии устондории Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ Муҳаммади Козимии Мунзавӣ низ дар ин нишаст ба зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳи ин устон дар ҳавзаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ишора кард.
Вай гуфт, дар ин устон илова бар инки зарфиятҳои қобили таваҷҷӯҳе барои сармоягузорӣ вуҷӯд дорад, иҳтимом ва ҷиддияти давлати сездаҳум барои ҳимоят аз сармоягузорӣ ва равнақи бахши тавлид метавонад омили муҳимме барои ҷазби сармоягузории хориҷӣ бошад.
Вай афзуд, бе шак фурсатҳои сармоягузорӣ дар ҳарду кишвар метавонад дастовардҳои хубе барои фаъолони иқтисодӣ дошта бошад ва бояд аз ин зарфиятҳо ба наҳви матлӯбе баҳрагирӣ кард.