Ба филми Умедшо Мирзоширинов дар ҷашнвораи Маскав баҳои баланд доданд – видео

Дар доираи барномаи ҷашнвораи филмҳои мустанад дар номинатсияи “Кӯдакони бузург” филмҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия намоиш дода шуданд
Sputnik
Дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад дар Маскав филми коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов ба намоиш гузошта шуд.
Филми “Додараки фариштаҳо” Тоҷикистонро дар номинатсияи “Кӯдакони калонсол” муаррифӣ кард.
Илова бар ин, дар ин бахш филмҳои кутоҳи дигари Русия ва Қирғизистон муаррифӣ шуданд.
Дар филм ғамхории оила ва мардонагии кахрамон инъикос ёфтааст, ки барои бахту саодат ва беҳбудии хона ба як амали далерона даст задааст. Филми кутоҳи бадеӣ дар Тоҷикистон соли 2021 ба навор гирифта шудааст.
Филми Умедшо Мирзоширинов дар Русия намоиш дода мешавад
Филм аз рӯи достони нависандаи тоҷик Сайф Рахимзода таҳия шудааст.
Коргардонҳои рус ба сатҳи кинематографияи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, афзуданд, ки ин гуна филмҳо шакли хоса доранд.
Қобили зикр аст, ки ҷашнвораи байналмилалӣ дар Маскав бо дастгирии Хазинаи президентии ташаббусҳои фарҳангӣ баргузор мешавад.