Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад

Ташаббуси баргузории мулоқоти анъанавии ғайрирасмӣ аз сӯйи Владимир Путин, раҳбари Русия ироа шудааст, ки ҳамасола доир мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ ширкат мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ин нишаст дар назар аст, ки 26 ва 27 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург барпо шавад.
Дар назар аст, ки дар ин дидор сарони Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус ҷамъ оянд.
Қаблан раҳбари Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар Минск ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки омодагиҳо дар ин самт идома дорад.
"Умедворем, ки он (вохӯрӣ - ред.) низ ба таҳкими ҳамкориҳои мо такони иловагӣ хоҳад дод", - гуфт Лебедев.", - гуфт ӯ.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ баргузории нишасти ғайрирасмии соли нави сарони ИДМ-ро ахиран эълон карда, сарони кишварҳоро ба Санкт-Петербург даъват карда буд.
Мишустин: Русия иттифоқчии боэътимоди шарикони ИДМ боқӣ мемонад
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ қаблан изҳори итминон карда буд, ки "бо вуҷуди чунин формати ғайрирасмӣ, раҳбарон метавонанд вазифаҳои соли баъди ва ояндаи дурро баррасӣ кунанд."
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков низ изҳор дошт, ки мулоқоти сеҷонибаи сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон Владимир Путин, Илҳом Алиев ва Никол Пашинян аз эҳтимол дур нест, вале то ҳол “созишномаи мушаххас” вуҷуд надорад.