ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон корхонаи нав бо номи ҶДММ "Душанбе қолинҳо" ба кор шурӯъ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Корхонаи қолинбофӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар кӯчаи Зебуннисо ба кор даромад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аллакай аз истеҳсолоти аввалини коргоҳ дидан кардаанд.
Гуфта мешавад, ки корхонаи бузурги қолинбофӣ дар доираи барномаи рушди саноат барои солҳои 2022-2026 ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид.
Онро соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд кардааст, ки дар он наздик ба 500 тан дар ду баст фаъолият мекунанд ва бештарашон занонанд.
Коргоҳ омода аст, ки қолинҳои шаклу андозаҳои гуногунро бо тарҳи аврупоӣ ва миллӣ истеҳсол намояд.
Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти замонавии қолинбофӣ аз Белгия оварда шуда, насб ва таъмири пурраи хатҳои истеҳсолиро мутахассисони тоҷик анҷом медиҳанд.
Ғайр аз ин, дар шаҳр мағоза кушода шуд, ки аз он қолинҳои ватаниро харидан мумкин аст.
Ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Ӯзбекистон ва Афғонистон фиристодани маҳсулот низ ба роҳ монда шудааст.