ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Овозхони маъруфи тоҷик Далер Назаров рӯзи 26 декабр дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад.
Дар ин бора Аслишо Акимбеков, раиси оҷонсии консертии CLICKSTARS ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Барои мо, ҳамчун созмондиҳандагон, муҳим аст, ки ба тамошобинон имкони фурӯ рафтан ба фарҳанг ва мероси ғании форсӣ, фароҳам оварем ва фазоеро созем то ҳама худро дар Ватан эҳсос куннад”, - гуфт Акимбеков дар бораи консерт.
Ӯ мегӯяд, ҳамчунин ошно кардани офроде, ки боре ба Осиёи Марказӣ нарафтаанд то бираванду бо чашмони худ ғановати фарҳангиву зебоии онро бубинанд.
Намоиши афсонавии мусиқии зиндаи Шарқ дар толори "Известия" дар майдони Пушкинская барпо мегардад. Оғоз соати 20:00 ба нақша гирифта шудааст.
Нархи чиптаҳо аз 2,5 ҳазор рубл оғоз шуда, қиматтарин билетҳо 15 ҳазор рубл арзиш доранд.
Тавре намояндаи оҷонсӣ афзуд, каме баъдтар устоди саҳнаи тоҷик дар Душанбе низ консерт медиҳад.
Ҳунарнамоии Назаров дар пойтахти Тоҷикистон охири моҳи январ дар назар аст.
Баргузории ин барномаи фарҳангӣ дар толори консертии "Суруш Холл" дар назар аст.