ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Вазорати муҳоҷирини толибон бо интишори оморе муддаъи шуд, пас аз августи 2021 то ба имрӯз, беш аз як миллион муҳоҷирон афғон ба Афғонистон баргаштаанд.
Ба гуфтаи ҳукумати толибон, ҳанӯз беш аз ҳафт миллион аз шаҳрвандони Афғонистон дар дигар кишварҳо муқим ҳастанд.
Вазири муҳоҷирини давлати толибон бар зарурати риояти ҳуқуқи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз сӯи кишварҳои ҷаҳон таъкид кард.
Вазири умури муҳоҷирини толибон Халил Арраҳмони Ҳақонӣ ба зарурати риояти ҳуқуқи муҳоҷирини афғон дар дигар кишварҳои ҷаҳон таъкид кард.
Халил Арраҳмони Ҳақонӣ, ҳукумати Толибонро муаззаф ба ҳали мушкилоти муҳоҷирон тавсия кард ва гуфт, кишварҳо мебоист бо муҳоҷирони дар ранҷ ва бидуни мадрак ҳамкори кунанд ва ҳуқуқи ин паноҳҷӯёнро риоят намоянд.
Толибон пас аз касби қудрат авфи умуми эълом кард. Аммо бисёре аз мардум ба муҳоҷират тасмим гирифтанд. Мақомоти ин гурӯҳ, борҳо аз мақомоти давлатҳои пешин ва мардум барои бозгашт ба кишвар даъват кардаанд. Бархе аз мақомоти пешин бо қабули ин даъват ба Афғонистон баргаштаанд.