ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар доираи амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши нақлиёт дар ВМКБ сохтмони 17 пул дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб бо арзиши лоиҳавии зиёда 20 млн доллари ИМА аллакай ба анҷом расонида шуданд.
Дар ин бора вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим зимни ифтитоҳи пули пиёдагузари навсозоишуда дар шаҳри Хоруғ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вазир, дар давоми истиқлолият дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди вилоят ва ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ҷалби лоиҳаҳои маблағгузорӣ як қатор корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуд.
"Яке аз иншооти муҳиме, ки дар тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми назаррас дорад ва вилоятро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшид, бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ пайваст намуд, ин кушодашавии шоҳроҳи Душанбе –Кӯлоб-Қалъаихумб-Рӯшон-Хоруғ-Мурғоб-Қулма мебошад", - гуфт ӯ.
Вазир таъкид намуд, ки навсозии ин роҳ низ дар бархе қисматҳо ба поён расида, дар бархе қисматҳо дар ҳоли татбиқу дар қисми дигар дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор дорад.
Зикр гардид, ки таҷдиди роҳи Шкеф – Қалъаихумб ба анҷом расида, сохтмони қитъаи роҳ аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади Рӯшон оғоз гардид.
Лоиҳакашии роҳ аз Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон рафта истодааст, илова намуд Азим Иброҳим.
Вай афзуд, дар заминаи дастури роҳбари давлат соли оянда сохтмони кӯпруки мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехника ва долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон оғоз мегарданд.